Саргузашти як модари серфарзанд аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки  хабаргузории "Азия-Плюс" дар навори худ аввали моҳи март дар бораи зиндагии душвори ӯ маълумот дода буд, фарҷомаш неку хушбахтона анҷом пазируфт.

Хайрхоҳи махфӣ бо номи Солеҳ, ки байни мардум ӯро чун шахси ёрирасон ба эҳтиёмандон мешиносанду, лекин симояшро нишон намедиҳад, ба Зарринаи 38-сола - модари 5 нафар фарзандон, ки се нафарашон беморанд (фалаҷи мағзӣ), хонаи дуҳуҷрагӣ ҳадя кард.

Заррина орзу дошт, ки дар хонаи садамавии хушдоманаш, ки дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар кӯчаи А.Қаҳҳоров, хиёбони 165/2 зиндагӣ мекард, барои фарзандонаш як ҳуҷра бунёд кунад.

Заррина модари панҷ фарзанд мебошад. Онҳо ҳама дар як ҳуҷраи дар ҳолати садамавӣ қарордошта умр ба сар мебурданд. Ба сурати умум дар 4 сотих замин се ҳуҷра ҷойгир шудааст. Дар дигар ҳуҷраҳо хушдоман ва хоҳарарӯсаш бо фарзандаш зиндагӣ доранд. Шавҳари Заррина барои таъмини рӯзгори оила дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта, лекин бинобар кори доимӣ надоштан, гоҳ-гоҳ пул мефиристад.

Онҳо ошхона надоштанд. Хӯрокро дар ҳуҷра ё дар кӯча тайёр мекарданд. Шароити шустушӯяшон ҳам хуб набуд, аз ин рӯ, лозим меомад, ки ин корро ҳам дар дохили ҳуҷра ё кӯча анҷом диҳанд. Худи зан ҳам кори доимӣ надошт ва барои дарёфти маблағ ба корҳои гуногун машғул мешавад. Ба кӯдакон барои маъюбиашон кумакпулӣ медиҳанд, лекин ин маблағ ҳатто барои доруворӣ ва нигоҳубини онҳо намерасад.

Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Заррина хурсандиашро пинҳон намедошт. Ӯ аллакай рӯзи чорум аст, ки дар хонаи 2-ҳуҷрагӣ воқеъ дар километри 9-уми ноҳияи Шоҳмансур зиндагӣ дорад. Ӯ ба ҳамаи он касоне, ки ба тақдираш бетараф набуданд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Зан нақл кард, ки вақте ба ӯ занг зада, рӯбучину тоза ва ба тартиб овардани як хонаро дархост намудаанд, ӯ аввал рад карданӣ буд, зеро вазъи солимиаш хуб набуд, вале бо вуҷуди ин розӣ шуд.

Модари серфарзанд ҳамчунин зикр кард, ки қаблан низ “хайрхоҳ”-и худро медонист, наворҳоеро дида буд, ки ӯ ба ниёзмандон бидуни нишон додани симояш кумак мекунад.

“Пас аз рӯбучину тоза кардани хона маро ба берун даъват карданд, ки барои толор қолин биёрам. Ман поин рафтам, дар он ҷо ин ҷавон бо қолин меистод. Ман ҳатто намедонистам, ки маро ба навор мегиранд - онҳо камераи пинҳонӣ доштанд. Ва баъд аз он ки ба ман гуфтанд, ки манзиле, ки ман дар он рӯбучин кардам, аз они ман аст, бовар накардам. Чандин маротиба пурсидам, ки оё маро фиреб намедиҳед магар? ”, - ҳикоят кард зан аз таассуроти худ.

Ба қавли Заррина, худи Солеҳ ҳангоми ба дасти ӯ супурдани калидҳои хона гуфтааст, ки бори аввал аст, ки хона туҳфа мекунад. Ба дигарон бо пулу маводи ғизоӣ ёрӣ мерасонид, лекин сарнавишти Заррина ӯро хеле мутаассир кардааст.

Заррина ва фарзандонаш айни замон дар хонаи нав зиндагӣ дошта, оҳиста-оҳисат ба он одат мекунанд. Акнун лозим аст, ки ҳуҷҷатҳоро ба тартиб оранд.

Навори видеои ба зан туҳҳфа кардани хона дар шабакаи You-Tube Saliheen TV нашр шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.