Сайёраи Заминро дар панҷ соли баъдӣ ба гармии рекордӣ мерасад. Дар ин бора имрӯз, 27-уми май Созмони ҷаҳонии Ҳавошиносӣ (WMO), як муассисаи махсуси СММ бо такя ба омӯзишҳое, ки Хадамоти ҳавошиносии Бритониёи Кабир анҷом додааст, хабар медиҳад.
Бино ба арзёбиҳои Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ инсоният дар панҷ соли баъдии солҳои 2021-2025 шоҳиди гармтарин соли иқлими Сайёра хоҳад шуд, ки дар таърих мушоҳида нашудааст.
Ҳавошиносҳо СҶҲ ба эҳтимоли 90 дарсад ба гармшавии рекордӣ бовар доранд, ки дар яке аз солҳои байни соли 2021-2025 воқеъ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи онҳо ҳарорати миёнаи солонаи гармӣ дар ҷаҳон аз дараҷаи пеш аз саноатӣ 1,5 дараҷа гармтар хоҳад шуд.
Дабири кулли СҶҲ Петтери Таалас гуфтааст ин танҳо омор аст, вале ӯ аз паймадҳои гармӣ низ ҳушдор додааст.
"Баланд шудани ҳарорат маънои обшавии шадиди яхҳо, болоравии сатҳи баҳр, гармои зиёд, дигар ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво ва таъсиррасон ба амнияти озуқаворӣ, саломатӣ, муҳити зист ва рушди устуворро хоҳад дошт”,-гуфтааст ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Афиша от «Азия-Плюс»: Ночь TUT и снова вечер киномузыки, но теперь в театре Лохути
«Мы лишь выполнили свой человеческий долг»: как таджикские мигранты спасают российских граждан
Хозяин "Крокуса": Система пожаротушения во время теракта сработала штатно, а пожарные выходы были открыты
Таджикистан сократил количество квот на привлечение иностранной рабочей силы до 6,5 тысяч
Генсек ОДКБ: В Центральной Азии растет вероятность приграничных конфликтов за ресурсы, в первую очередь за воду
В Таджикистане всех родственников Фаридуна Шамсиддина забрали, сестру из России депортировали
Гражданина Таджикистана в России обвинили в оправдании теракта в «Крокусе»
Что мешает экономике Таджикистана стать свободной?
В $100 миллиардов оценил Reuters потери ушедших из России компаний
В Кыргызстане бывшего таможенника Матраимова и его братьев отправили в СИЗО
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста