Шуморе аз занони афғон бо нишони эътироз назди бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул ҷамъ шуданд.
Онҳо зери шиорҳои "Ҷаҳон аз хомӯшиатон мешармад" ва "Беэътиноии Созмони миллал шармовар аст" хостори ҳаққи омӯзиш ва кор шудаанд.
Дар ин ҳол бархе аз занон ба хабаргузории маҳалӣ "Омоҷнюз" гуфтаанд, ки Толибон ба рӯзноманигорон иҷоза надоданд, ки раванди эътирозҳоро расонаӣ кунанд.
Эътирозҳои занон дар ҳолест, ки онҳо аз кор ва омӯзиш бозмондаанд ва мехоҳанд дубора сари кор бираванд.
Намояндаҳои Толибон дар вокуниш ба хостаҳои занон ҳамчунон ба ваъдаҳояшон идома медиҳанд, аммо муддати се моҳи ҳукуматашон дар Афғонистон натавонистаанд ба ин эътирозҳо поён бахшанд.
Ба гузориши расонаҳо, Толибон пайваста аз расонаӣ кардани эътирозҳо ҷилавгирӣ мекунанд ва гоҳе барои пароканда намудани мардум аз тирпарронӣ истифода мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки яке аз хостаҳои ҷомеаи байнулмиллалӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон эҳтиром ба ҳуқуқи занон ва эҷоди кор ва иҷозаи кору таҳсил барои онҳо аст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Иране к смертной в казни приговорен популярный рэпер Томадж Салехи
Сколько стоит проезд в столицах Центральной Азии?
Генпрокурор РФ заявил о необходимости усилить профилактику правонарушений мигрантов
Байден подписал закон о военной помощи Украине на $61 миллиард
Предприниматели Таджикистана и Италии подписали договора на более $160 миллионов
Таджикистан увеличил экспорт драгметаллов и камней в 1251 раз
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 25 апреля 2024 года
Где в Таджикистане сдать тест на ДНК и во сколько это обойдется?
В Душанбе проходит выставка художниц из «Мастерской Оро»
В Кабуле талибы захватили дом Захира Агбара и Абдулрашида Дустума
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста