Намояндаи расмии Вазорат умури хориҷаи Русия Мария Захарова зимни брифинги рӯзи 3 ноябр изҳор намуд, ки Русия нерӯҳои этникии сиёсии Афғонистонро ба худдорӣ аз барангехтани низои дохилии миллӣ даъват мекунад.

“Бар ин назарем, ки дар марҳилаи кунунӣ ба нерӯҳои мухталифи этникии сиёсии кишвар лозим аст, ки аз амалҳои барангехтани муноқишаи байни мардуми афғон худдорӣ кунанд", - гуфтааст ӯ дар шарҳи маълумот доир ба омодагии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ  ҷиҳати азсаргирии амалиёти ҷангӣ бо гуруҳҳои тундгаро.

Захарова зикр кардааст, ки ҷонибҳои даргир “бояд роҳҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳаи миллиро низ ҷустуҷӯ кунанд, то сулҳу субот ва амнияти пойдор дар Афғонистон ва минтақаи атроф барқарор шавад”.

Вай ҳамчунин ҳамлаҳои террористии 2 ноябр аз сӯи ДОИШ дар як бемористони низомии Кобулро, ки бино ба гузоришҳо, ҳудуди 20 нафар кушта ва беш аз 40 нафар захмӣ шудаанд, маҳкум кард.

Ҳамзамон ӯ аз талошҳои ҳукумати муваққати Афғонистон баҳри таъмини амният ҷиҳати истиқрори зиндагии одии осоишта ёдовар шудааст.

“Дар вилояти шарқии Нангарҳор зиёда аз 60 нафар ҷангиии ДОШИ силоҳҳои худро гузошта ба ҳукумати Толибон таслим шуданд. Дар шароити қатъи амалиёти дороиҳои миллии Афғонистон аз ҷониби Ғарб, Бонки марказӣ ҷорӣ кардани низоми бонкдории исломиро эълон кард, ки дар он тақсими фоида ва зиён байни амонатгузорони бонкҳо ва қарзгирандагон, мавҷуд набудани фоизҳои қарз ва гарав, инчунин дигар ҷузъиёт пешбинӣ шудааст”, - иброз доштааст Мария Захарова.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.