Дар заминҳои кишти Ӯзбекистон ба парвариши якчанд навъи кадуи тухмипарварони тоҷик шурӯъ карданд.

Тавре ки дар сомонаи расмии Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон хабар дода мешавад, Ӯзбекистон бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ якчанд навъи кадуи тухмипарварони тоҷикро, ки ҳосили баланд медиҳад, ба кишвар ворид намуда, парвариши он дар хоҷагиҳои ин кишвар пешбинӣ мешавад.

Гуфта мешавад, имрӯз ин тухмиҳо дар хоҷагиҳои пешрафтаи тухмипарварӣ кишт шуда, онҳо мавриди озмоиш ва нашъунамояшон дар шароити гуногуни иқтлимиву хокӣ санҷида мешавад.

Аз ҷумла, ба хоҷагии тухмипарварии “Мингбӯлоқ”-и вилояти Намангон тухмии кадуҳои навъи «Лагмани», «Ленинабадская», «Одесская», «Ош каду», «Атлас каду», «Сурх каду» оварда шудааст.

Ҳадафи асосӣ зиёд кардани тухмӣ ва дар оянда бо тухмии кадуи арзону хушсифат таъмин намудани агрокластерҳо, деҳқонон ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ мебошад.

Дар хоҷагиҳои тухмипарварии пешрафтаи вилояти Сурхонарё низ чунин корҳо роҳандозӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки зимни сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 дар доираи шиносоӣ бо маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд дастур дода шуд, ки ҷиҳати парвариши каду аз навъҳои тухмии Тоҷикистон байни Вазоратҳои кишоварзии ҳарду кишвар ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.