Дар ҷараёни нооромиҳои рӯзи 1-2 июл дар маркази маъмурии Қароқалпоқистон - Нуқус 18 нафар фавтида, 243 кас ҷароҳат бардоштаанд, аз ҷумла 38 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Ба 149 нафар ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, ба хонаҳояшон рухсатӣ шудаанд. 94 нафар дар бемористонҳо боқӣ монда, бархе ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Тавре ки Газета.uz иттилоъ медиҳад, рӯзи 4 июл зимни брифинг намояндагони Гвардияи миллӣ ва Прокуратураи генералӣ дар ин бора маълумот додаанд.

Ба иттилои роҳбари хадамоти матбуоти Гвардияи миллӣ Даврон Ҷумъаназаров, рӯзҳои 1-2 июл 516 нафар дар ҷойи тазоҳурот боздошт шудаанд. Амалҳои боздоштшудагон мавриди санҷиш қарор дошта, ба бархе аз ҷазои маъмурӣ дода шудааст ва онҳо аз ҳабс озод шудаанд.

Сурат: Газета.uz

“Шаби 3 ба 4 июл барои риоя накардани талаботи соати комендантӣ (аз 21:00 то 7:00) 110 нафари беҳуда дар кӯча қарордошта боздошт шуда, 12 воситаи нақлиёти автомобилӣ ба ҷаримагоҳ интиқол дода шуд”, - гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Ҷумъаназров чанде аз кормандони Гвардияи миллӣ аз қафаси синаву пойҳо ва сарашон ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Хизматчиёни низомии осебдида дар госпитали ҳарбӣ
Сурат: Kun.uz

Ӯ зикр кардааст, ки аз рӯзи душанбе ҳамаи мағозаҳои хӯрокворӣ, бозору корхонаҳои нонпазӣ, биржаву бонкҳо, ташкилоту корхона, беморхонаҳо ва дигар иншооти бахши иҷтимоӣ фаъолияти худро пурра барқарор кардаанд.

Намояндаи Гвардияи миллӣ илова намудааст, ки аҳолӣ бо реҷаи муқаррарӣ бо обу барқ ва газ таъмин мешавад.

Ёдрас мекунем, ки пас аз эълони ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Ӯзбекистон, ки дар онҳо бекор шудани мустақилии Қарақалпоқистон пешбинӣ гардида буд, дар Нуқус намоишҳои эътирозӣ сар заданд. Эътирозҳо баъди ба Нуқус омадани президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва изҳори назари ӯ бобати бекор шудани ин тағйирот ба охир расиданд.

Сурат: Газета.uz

Қобили зикр аст, ки дар Қарақалпоқистон аз 3 июл то 2 август реҷаи ҳолати фавқулода ҷорӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.