Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов қабл аз вохӯрии дӯстона бо тими мунтахаби Фаластин, ки имрӯз, 6 сентябр дар варзишгоҳи байнулмилалии “Дора” дар Хеврон доир мегардад, дар нишасти хабарии қабл аз бозӣ дар бораи ҳарифи имрӯзаи дастааш ибрози андеша намуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҳаким Фузайлов изҳор доштааст, ки тими Фаластин дастаи пурзӯру қавӣ буда, дар он якчанд футболбозоне ҳунарнамоӣ мекунанд, ки суръати хуби бозиро доранд.

“Мо бозиҳои ин даста дар марҳилаи дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 ва вохӯриҳои он бо дастаҳои гуногунро тамошо ва мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор додем. Аз ин рӯ, дар бораи ин даста маълумоти кофӣ дар даст дорем, ҳарифамонро эҳтиром мекунем, вале ба ҳеҷ ваҷҳ ягон ҳаросе аз он надорем”, - гуфтааст Ҳаким Фузайлов.