Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов номи 23 бозигари даста дар бозӣ бо мунтахаби Фаластинро, ки рӯзи чоршанбе, 5 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе (оғоз соати 18:00) доир мегардад, эълон кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ин бозӣ 7 футболбози тоҷик, ки дар дастаҳои Қирғизистон, Русия, Қазоқистон, Булғористон ва Беларус бозӣ мекунанд, даъват шудаанд.

Инҳо дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Алай», Қирғизистон), ҳимоятгар Фарҳод Восиев («Оренбург», Русия), ҳимоятгар Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), ҳимоятгар Искандар Ҷалилов ва нимҳимоятгар Нуриддин Давронов (ҳарду аз «Дунав», Булғористон), нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) ва ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Беларус) мебошанд.

Қобили зикр аст, ки омодагӣ ба ин бозиро мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 2 октябр оғоз кард. Мунтахаби футболи Фаластин имрӯз ба Душанбе омада, дар меҳмонхонаи «Атлас» қарор мегиранд. Бозиро ҳайати доварон аз Қазоқистон доварӣ карда, сардовар Денис Измайлов таъин шудааст.