Футболбози маъруфи Тоҷикистон ва Русия, ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов сармураббии дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан таъин шуд. Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар медиҳад.

Қаблан Алиёр Ашӯрмамадов сари ин мансаб қарор дошт.

Раҳматулло Фузайлови 42-сола касби сармураббигии худро соли 2016 дар тими “КМВА (ЦСКА)-Помир” оғоз намуда, сипас дастаи “Кӯктош”-ро ба роҳбарӣ гирифт, менависад sports.tj.

Ӯ дар дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ карда, дар ҳайати тими “Нефтчӣ”-и Фарғона ду маротиба ба медалҳои нуқраи Чемпионати Ӯзбекистон ва Ҷоми футболи ин кишвар соҳиб шудааст.  

Ғайр аз ин, шурӯъ аз соли 2000-ум дар чор дастаҳои Русия: "Шинник" (Ярославл), "Алания" (Владикавказ), "Лада" (Тольятти) ва "Носта" (Новотроитск) бозӣ кардааст.

Соли 2007 ба Тоҷикистон баргашта, нахуст дар тими “КМВА-Помир” ва аз соли 2008 дар дастаҳои “Энергетик”, “Вахш” ва “Регар-ТадАЗ” ҳунарнамоӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.