Мусобиқаи Чемпионати 30-юми Лигаи олии футболи мамлакат ба поён расид. Аз рӯи натиҷаҳои он дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 ва “Хуҷанд”-у КМВА (ЦСКА) дар Ҷоми КФО-2022 иштирок мекунанд.

Дар даври охир дорандаи медалҳои биринҷии мусобиқа ва дастаи дуюме, ки лига олиро тарк мекунад, маълум шуд.

Тавре маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, дар даври 27-ум КМВА-и Душанбе тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, ба медалҳои биринҷии чемпионат соҳиб шуд. “Кӯктош” аз ноҳияи Рӯдакӣ бозиро бо ҳисоби 1:2 ба “Истиқлол” бохта, акнун ҳамроҳи дастаи “Душанбе” имсол лигаи олиро тарк мекунад.

Ба ин тариқ, қаҳрамони кишвар - “Истиқлол” соли оянда дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО бозӣ карда, дорандаи медалҳои нуқра ва биринҷии чемпионат - “Хуҷанд” ва КМВА Тоҷикистонро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 намояндагӣ мекунанд.

Нишонзани беҳтарини мавсими имсолаи чемпионат ҳамлагари тими “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов дониста шуд, ки ба дарвозаи ҳарифон 18 тӯб ба нишон расонидааст.

Манучеҳр Ҷалилов
Сурат: ФФТ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.