Ноибқаҳрамони футболи Тоҷикистон - дастаи «Хуҷанд» ғолиби гурӯҳи «F»-и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 шуда, ба даври навбатии мусобиқот роҳ ёфт.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «F» «Хуҷанд» дар шаҳри Бишкек бо тими “Дордой” қаҳрамони Қирғизистон мусовӣ кард (0:0).

Дар бозии ниҳоии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 «Хуҷанд» бо ноибқаҳрамони Ӯзбекистон «Суғдиёна» вомехӯрад, ки дар чоргонаи «Е» мақоми аввалро касб кард.

Гуфта мешавад, макони баргузории бозии финалии минтақаи марказӣ дар натиҷаи қуръакашӣ, ки 14 июл барпо мегардад, муайян карда мешавад.

Дар гуруҳи “Е” КМВА (ЦСКА)-и Душанбе бозиро бо бо барандаи Ҷоми Қирғизистон дар мавсими гузашта - дастаи “Нефтчӣ” мусовӣ анҷом дода, дар ин гуруҳ зинаи сеюмро ишғол намуд.

Пас аз ба охир расидани даври гуруҳии Ҷоми КФО рейтинги навшудаи конфедератсия нашр шуд.

Ғалабаи “Хуҷанд дар даври гуруҳии Ҷоми КФО рейтинги умумии даставии Тоҷикистонро боло бардошт, ки барои ба мусобиқоти қораи Осиё байни дастаҳо пешбарӣ кардани 4 даста шуруъ аз мавсими 2024/25 имкон медиҳад.

Пирӯзии минбаъдаи “Хуҷанд” ба Тоҷикистон квотаи 1+3 (Лигаи қаҳрамонҳо+Ҷоми КФО)-ро кафолат медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.