Агар сарояндаи мумтозу хушовоз Муқаддас Набиева зинда мебуд, рӯзи 7-уми январ 70-сола мешуд. Ин ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик дар синни 29-солагӣ бар асари як садама дунёро падруд гуфт.

“Мо киро аз даст додаем?!”

Ҳунарманди шинохтаи театри “Аҳорун” Сабоҳат Қосимова, ки хоҳарбузурги Муқаддаси шодравон аст, дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” иброз дошт: “Ӯ ҳамеша ба садои дилаш гӯш медод ва амал мекард. Яъне агар дилаш мехост кореро анҷом диҳад, ҳатман ба субот мерасонд ва ин яке аз дилгармиҳои Муқаддас буд. Дар зиндагии ӯ дилу ақлу ҳушаш ҳамсоз буданд, яъне дар як маҷро эҳсос, дарк ва кор мекард”.

Сабоҳат Қосимова бо ашки дида хотираҳои гузаштаро ба ёд меораду қисса мекунад, ки ҳарчанд аз он ҳодисаи шум 40 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ғамаш бештару бештар мешавад. Ӯ ҳоло даҳшати он фоҷиаро даҳчанд мебинаду бо дард мегӯяд: “Мо киро гум кардаву аз даст додаем?!”

Хонум Сабоҳат аз даврони наврасӣ ёдовар шуда, мегӯяд: “Муқаддас аз се хоҳари дигар бо зиракиву ҷасуриву серғайратиаш фарқ мекард. Ӯ мактаби №53-и шаҳри Душанберо хатм карда, сипас ба Институти тарбияи ҷисмонӣ дохил шуд. Ҳамзамон хоҳарбузургам дар Донишкадаи политехникӣ, ман дар Донишкадаи санъат ва хоҳари хурдиям дар Донишкадаи тиббӣ таҳсил мекардем. Ман хеле хурсандам, ки он замонро дарёфтам. Мо ба зиндагӣ бо чашми дил менигаристему амал мекардем. Албатта, барои ҳамдигар аз зарбаҳои номардонаи қисмат ва дурӯғу дуруғгӯён сипар будем. Ҳоло гузаштаро ба ёд меораму мехоҳам аз нав кӯдак бошам ва бо хоҳаронам канори ҳам бошем. Вале сад афсӯс, ки вақтро ақиб гардонидан ва оби рехтаро бардоштан намешавад”.

Аз майдони варзиш ба саҳнаи ҳунар

Муқаддас соли 1972 Институти тарбияи ҷисмониро хатм карда, ба ҳайси тренер дар мактаби ибтидоии варзишии ноҳияи Фархор ба фаъолият пардохт. Аммо шавқу завқи сарояндагӣ ҳамоно қалбашро ором намегузошт. Дар баробари тренерӣ ба дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор пайваста, дар ҷашну чорабиниҳои гуногун ширкат меварзид. Ҳунари асил ӯро аз Фархор ба Душанбе барои иштирок дар нахустин озмуни эҷодиёти халқ – “Бӯстон 1” овард.

“Дар ин озмун Муқаддас суруди “Республикаи ман”-ро иҷро карда, қалби ҳамагонро бо садои форами худ тасхир намуд. Роҳбари ансамбли эстрадии “Гулшан” Орифшо Орифов истеъдоди волояшро дида, ӯро ба кор қабул кард. Хурсандии мо ҳадду канор надошт. Зеро медонистем, ки Муқаддас ҳунарманди асил аст”, - афзуд хоҳарбузурги ӯ.


Маҳбуби дилҳо

Ба гуфтаи наздикону дӯстонаш, вақте Муқаддас вориди ансамбли “Гулшан” гардид, шуҳраташ ба суръати барқ дар тамоми Тоҷикистон паҳн шуд. Саҳми ӯ дар рушди созу навои муосири тоҷик камназир аст. Сурудҳои суннатии миллӣ бо сабки аврупоӣ дар иҷрои Муқаддас нотакорор буданд. Ин ҳунарманди худодод ҳазорон пиру ҷавонро дар саросари Тоҷикистон ҳаводори таронаҳои ҷаззобу диловези худ кард.

Муқаддас Набиева як писар дошт бо исми Баҳодур. Ҷигарбанди ӯ, ки дар театри “Аҳорун” кор мекард, соли 2010 аз дунё гузашт. Фоҷиаи марги ӯро Сабоҳат Қосимова бо алам нақл кард:

- Вақте дар толори Иттифоқи нависандагон кор мекардем, Баҳодур низ ҳамроҳи мо фаъолият дошт. Ҳамон рӯз шавҳарам Фаррухи Қосим бемор буданд ва ман ба театр нарафтам. Баҳодур ба коргоҳ рафт ва дар назди Иттифоқи нависандагон дарахти бузург решакан шуда, болои ӯ афтод. Ҷасади ӯро ба Фархор пеши модараш бурдам. Баҳодур он замон 40 сол дошт ва оиладор буд. Аммо фарзанд надошт ва аз ятимхона як духтар гирифта, номашро Муқаддас гузошт.
Сабоҳат Қосимова изҳор дошт, ки дар ҳамдастӣ бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ояндаи наздик маҳфили ёдбуди Муқаддас Набиеваро дар театри “Аҳорун” баргузор кунанд. Ӯ ҳамчунин китоберо бо номи “Хӯшачинӣ мекунам аз ёдҳо” дар бораи Муқаддас ва хотираҳо аз театр таҳия кардааст, ки ба ду забон нашр хоҳад шуд.

Муқаддас тавонист, дар умри кӯтоҳ ва пур аз такопӯяш аз худ як хотираву нақши носутурданӣ боқӣ гузорад. Вақте аз олам даргузашт, ҳамагӣ 29 сол дошт, аммо суруди “Шарораи хотираҳо” ва боз чандин таронаҳои офаридааш ёди неки ӯро дар замири ҳаводорон барои ҳамеша зинда нигаҳ медоранд.

Ҳасби ҳол:

Муқаддас Набиева 7-уми январи соли 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Истеъдоди худодод ва садои гуворою дилнишинаш, ки дар илми мусиқӣ онро сопранои лирикӣ мегӯянд, ба зудӣ ин духтараки резапайкарро шуҳратёр сохт ва овозаи Муқаддас аз Фархор то ба Душанбе расид.

Ӯ соли 1974 ба дастаи эстрадии «Гулшан» пайваста, дар як муддати кӯтоҳ дар ин ансамбл “инқилоб” кард. Дар арсаи ҳунар Муқаддас роҳи наву сабки хоси сурудхонӣ кушод. Таронаҳои ӯ бо форамию салосат ва зарбу оҳанги дилнишин ба зудӣ дар хотири шунавандагон нақш мебастанд.

«Кӯйи ту» «Хуршеди ҳаёт», «Нури ман», «Шарораи хотираҳо», «Боди сабо», «Садои дил», «Ба ишқат интизорам», «Дили зорам», «Муҳаббат нест бе оташ» ва даҳҳо таронаи дигари ӯ, ки теъдоди умумиашон ба 50 мерасад, то имрӯз маҳбубият доранд.

Муқаддас Набиева дар баробари таронаҳои тоҷикӣ ҳамчунин ба забонҳои русӣ («Надежда), арманӣ («Суруди ман»), туркӣ ва қирғизӣ сароида, дар саросари Шӯравӣ шуҳратёр шуд.

Ӯ дар ҳайати «Гулшан» соли 1975 ба Фаронса, соли 1977 ба Лаҳистону Эстония ва дигар кишварҳо сафари ҳунарӣ кардааст.

Соли 1979 ҳангоми сафар бо ҳамкоронаш ба вилояти Суғд мошини онҳо сарозер шуда, ин сарояндаи шуҳратёри тоҷик дар синни 29-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин матлаб видеоҳои YouTube аз сафаҳоти Таджикистан - Мой край родной!, Kamal TVHabibsl ва  Khoroshiy истифода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.