Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи садамаи нақлиётро, ки сабти видеоии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёд ба бор овард, шарҳ дод.

Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки бар асари ин садамаи нақлиёт зани 38-сола ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар бо ҷароҳатҳо дар беморхона бистарӣ шуданд.

Бино ба гуфтаи ӯ, миёни ҷабрдидагон дар ин садама кӯдакон ҳузур надоштанд.

“Садама рӯзи 23 декабр дар роҳ аз ноҳияи Рӯдакб ба самти Душанбе рух додааст. Автомашинаи Mercedes-Benz ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи Hyundai-Starex бармехӯрад. Аз зарба Starex боз ба автомашинаи сабукрави тамғаи марки Opel бармехӯрад”, - иброз дошт вай.

Дар видеои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда дида мешавад, ки Mercedes-Benz бо суръати баланд ҳаракат дорад.

Дар навиштаҳои худ корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ далели дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро зикр карданд.

Корҳои тафтишотӣ оид ба ин ҳодиса идома доранд.

Дар сомонаи ВКД ҳамчунин боз дар бораи ду ҳодисаи садамаи нақлиёт хабар дода мешавад, ки дар онҳо ба сурати умум 6 нафар ҳалок шудаанд.

Яке аз ин ҳодисаҳо рӯзи 21 декабр дар ноҳияи Ёвон рух дода, ронандаи автомашинаи Mercedes-Benz Наимҷон Шоимови 26-сола идораи нақлиётро аз даст дода, мошин ба канали обгузар меафтад. Бар асари ин садама Шоимов ва мусофирони автомашина: Суруш Куканови 20-сола, Мавлуда Саъдуллоеваи 44-сола ва Гулбаҳор Шодиеваи 49-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.

Ҳодисаи дигар ҳамин рӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дода, ронандаи 33-солаи Mercedes-Benz Музаффар Шарипов дар кӯчаи ба номи Ленини шаҳри Ғафуров ду пиёдагардро пахш кардааст. Пиёдагардон Моҳира Солиеваи 33-сола ва духтарчаи 3-солаи ӯ Ойша аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расидаанд.

Аз рӯи ҳарду ҳодисаи дар боло зикршуда тафтишот ҷараён дорад.

Тибқи маълумоти ВКД, дар зарфи 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 418 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.