Аз маркази матбуоти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) иштироки писари Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори ин донишгоҳ дар садамаи нақлиётиеро, ки бар асари он овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов ҷон бохт, тасдиқ карданд, аммо таъкид намуданд, ки худи ректор дар ҷойи кор буда, хабари барканории ӯ дурӯғ аст.

“Дуруст аст, ки писари ректор садама карда, боздошт шудааст”, - гуфт ба “Азия-Плюс” яке аз кормандони маркази матбуоти ДСРТ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ овозаҳоро дар бораи барканории ректори ДСРТ рад карда, гуфт, ки “Файзулло Машраб Қурбоналӣ ҳар рӯз ба кор меояд ва хабарҳо дар бораи истеъфои ӯ асос надоранд”.

Аммо чанд рӯз аст, ки на ректори ин донишгоҳ ва на котибааш ба зангҳои хабарнигорон посух намедиҳанд.

Бояд гуфт, дар пайи садамае, ки сарояндаи 27-солаи тоҷик Некрӯз Ниёзов ба ҳалокат расид, ду иштирокчии ин ҳодиса боздошт шуданд.

Яке аз онҳо писари 18-солаи ректори ДДТТ Файзулло Комёб Машраб ва дигаре Аҳтамзода Оятулло Хушбахти 19-сола мебошанд. Ҳарду донишҷӯи факултаи иқтисоди ин донишгоҳ ҳастанд.

Файзулло Комёб

Тибқи маълумоти пешакии Раёсати корҳои дохилии пойтахт, мошини писари ректор баъди бархӯрд бо мошини дигар овозхонро пахш кардааст.

Ҳодиса рӯзи 21-уми сентябр тахминан соати 22:30 дар кӯчаи ба номи А.Дониш, назди тарабхонаи “Боми ҷаҳон”, рух додааст. Некрӯз Ниёзов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар натиҷа субҳи 22-юми сентябр дар беморхонаи “Шифобахш” ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи наздикони сароянда, ба ӯ як ронандаи таксӣ, ки шоҳиди садама будааст, кумак кардааст: ӯро ба бемористон бурд, аммо ҷони Некрӯзро наҷот дода натавонистанд. Ду иштирокчии садама аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.

Некрӯз Ниёзов рӯзи 21-уми октябр ба синни 28 қадам мениҳод, аммо як моҳ пеш аз солгарди умраш варо дар зодгоҳаш – деҳаи Возми ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон ба хок супурданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.