Вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев ва Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммедов рӯзи 4 август ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора газетаи "Нейтральный Туркменистан" хабар медиҳад.

Лекин ба “Азия-Плюс” муяясар нашуд, ки аз хадамоти матбуоти президент дар бораи кай ба Туркманистон рафтани Эмомалӣ Раҳмон ва чанд рӯз дар он ҷо ҳузур доштани ӯ маълумот дастрас кунад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июл дар ҷараёни конфронси видеоӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии се кишвар: Сироҷиддин Муҳиддин (Тоҷикистон), Рашид Мередов (Туркманистон) ва Бахтиёр Саидов (Ӯзбекистон) корҳои омодагӣ ба нишасти мазкур баррасӣ шуданд.

Он замон вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии нишастро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни конфронси видеоӣ вазирон доир ба ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Дар ин нишаст баррасӣ ва табодули назар оид ба масоили муҳими ҳамкориҳо ва рушди минтақа, имкони таҳкими муносибатҳои сулҳомез ва субот дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.