Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 август бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон дар боғи интенсивии “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” бо навъҳои беҳтарини себҳои содиротӣ шинос шуда, аз дарахтони нав ба ҳосиломадаи он себ чинд.

1/13

Ёдрас мешавад, ки моҳи феврали соли 2016 дар мавзеъи Фахробод президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдони 360 гектар бо шинонидани дарахти себ ба бунёди боғи интенсивии “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” оғоз бахшида буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.