Мардуми Исфара аз шом ва шаби 27 ба 28-уми январ қиссаҳои талхе мекунанд. Дар ин даргириҳо аз сӯйи неруҳои Қирғизистон  хонаҳои зиёде тирборон ва оташ зада шудаанд, ки хисороти барҷойгузошта ба миллионҳо мерасад.

Хабарнигори "Азия-Плюс" субҳи имрӯ ба суроғи мардуме рафт, ки хонаҳояшон дар ин даргириҳои хунун зарар дидаву ба коми оташ рафтаанд. Ё бому дар ва ҳавилии бисёре аз сокинони деҳаҳои Сомониёну Хоҷаи Аълои ҷамоатҳои Сурху Чоркӯҳ пур аз пасмондаҳои тир, хусусан тирҳои миномиёту нориҷакандозанд. 

Бино ба тахминҳои пешаки мақомот танҳо дар деҳаи Сомониён 11 хонаи сокинон аз тиру гулӯлаҳои неруҳои Қирғизистон зарар дида, як бунгоҳи тиббӣ дар ин деҳа хароб шудааст. Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ҳам мегӯянд, ҳудуди 10 хонаи онҳо дар натиҷаи асосан партоб шудани мушак оташ гирифтву вайрон шудааст. Ҳоло ҳам чанде аз мушаки неруҳои кишвари ҳамсоя дар саҳни ҳавлии сокинони ин деҳа хотираи талхи ин шаби хунинанд.

1/46

Дар ин даргирӣ аз Тоҷикистон 2 нафар куштаву 20 кас захмӣ шудааст. Мақомоти расмии Тоҷикистон шумори захмиҳоро 10 нафар - 6 низомиву 4 сокини мулкӣ мегӯянд. Аз Қирғизистон 11 нафар захмӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.