Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон дорои низомҳои дифои ҳавоӣ мебошад, ки иқтидори онҳо ҳифзи кишварро пурра таъмин мекунанд, изҳор дошт дар мизи гирди “СПАД омили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ” кордори масъули бахши низомӣ ва низомиву ҳарбии назди сафорати Русия дар Тоҷикистон Николай Ким. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

“Ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва дифои ҳавоӣ иборат аст, ки бо воситаҳои дифои ҳавоӣ муҷаҳҳаз буда, хусусиятҳои онҳо имкон медиҳанд, ки фазо пурра зери ҳимоя гирифта шавад”, - таъкид доштааст кордори сафорат.

Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон он гуна зарфияти низомӣ надоранд, ки нерӯҳои дифоъи ҳавоии ин кишвар аз ӯҳдаи ҳимоят аз он баромада натавонанд.

“Ҳимояти фазои ҳавоии ҷумҳурӣ ҷойи нигаронӣ надорад”, - чунин мешуморад Николай Ким.

Номбурда шарҳ додааст, ки дар доираи созишнома байни Тоҷикистон ва Русия имзошуда, ҷумҳурӣ ба низоми минтақавии дифои ҳавоӣ ҳамроҳ мешавад ва ин низом бо ҳамаи воситаҳои муосир муҷаҳҳаз аст.

“Бо имзои созишнома  дарк мекунем, ки неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Тоҷикистон бояд бо воситаҳои муосир таъмин бошанд ва ҳозир дар яке аз машқгоҳҳи кишвар аллакай комплексҳои С-300 ҷойгир шудаанд”, - гуфтааст ӯ.

Бино ба маълумоти Ким, намояндагони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз як давраи пурраи омӯзиш дар Русия гузашта, ин навъи техникаро истифода бурда метавонанд ва ояндаи наздик комплексҳои С-300 ба тавозуни Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Созишнома байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи ташкили низоми муттаҳидаи минтақавии дифои ҳавоӣ 27 апрели соли 2021 дар Душанбе аз ҷониби вазирони мудофиаи кишварҳо Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу имзо шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.