Дар рейтинги ҳамасолаи беҳтарин макон барои саёҳат Lonely Planet қисмате аз Роҳи бузурги абрешим, ки тариқи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон мегузарад, сазовори зинаи аввал дар бахши минтақаҳо дониста шудааст.

“Ин минтақа беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор мегирад ва ба кишварҳое, ки ин қисмати роҳ онҳоро убур мекунад, метавон бо раводиди электронӣ ё умуман бе раводид ворид шуд”, - қайд мешавад дар маводи Lonely Planet.

Рейтинг ба чор категория тақсим шудааст – 10 кишвар, 10 минтақа, 10 шаҳр ва 10 пешниҳоди муфидтарин.

Коршиносон ҳар кадом аз самтҳои ба рейтинг шомилшударо бар асоси омилҳои ҷолиб будани мавзеъ ва таассуроти нодир бардоштани сайёҳон аз ин макон баҳогузорӣ кардаанд.

Дар категорияи минтақаҳо қисмате аз Роҳи бузурги абрешим, ки тариқи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон мегузарад, ба зинаи аввал муносиб дониста шудааст.

Мақоми аввалро дар категорияи кишварҳо Шоҳигарии Бутан ишғол кардааст. Ба даҳгонаи 2020 ҳамчунин Англия, Македонияи Шимолӣ, Аруба, Эсватини, Коста-Рика, Нидерланд, Либерия, Марокаш ва Уругвай шомиланд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.