Нашрияи канадагии Сycling Мagazine дар бораи саёҳати ду шаҳрванди ин кишвар бо дучарха (велосипед) дар Тоҷикистон мавод ба табъ расонид.

Кристиан Майер ва Питер Гаскил роҳҳои дурдасти кӯҳии Помирро барои худ хатсайр интихоб кардаанд.

“Гуногунии хеле зиёди манзара ва баландиҳои Тоҷикистон макони дилфиребу нодир барои дучархаронон аст. Кӯҳҳои Помир яке аз баландтарин дар ҷаҳон аст”, - қайд мешавад дар мақола.

Сурат аз сомонаи cyclingmagazine.ca

Майер ва Гаскилл дар бораи саёҳаташон тариқи Помир филм наворбардорӣ карда, онро «THE NOT KNOWING» (Ноогоҳ, Незнающий) номидаанд.

“Ман тасаввуроте ҳам надоштам, ки чӣ кор карданием... лекин маҳз ҳамин ҳол маро ҷалб кард... Ноогоҳие, ки аз он таҷрибаи нав андӯхтам”, - гуфтааст Кристиан.

Бо натиҷагирӣ аз ин таҷриба, The Service Course моҳи июни соли ҷорӣ аввалин сафари худро ба Тоҷикистон ташкил мекунад. Дар сафари даҳрӯза, ки аз Душанбе тариқи кӯҳҳои Помир ба шаҳри Ош (Қирғизистон) сурат мегирад, 6 велосипедрон иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.