Дар Душанбе омодагиҳо ба пешвози Соли нави мелодӣ оғоз шуд. Аз ҳоло аллакай корҳои гузоштани арчаи асосии солинавии кишвар дар майдони Дӯстӣ ҷараён доранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини директори Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” Шарофиддин Талабов хабар дод, баландии арча 30 метр ва масоҳати гирду атрофи пояи он 16,5 метрро ташкил хоҳад дод.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Ба гуфтаи ӯ, бо дастури шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ, дар баробари арча то 10 декабр дар майдон бояд дигар иншооти солинавӣ низ гузошта шаванд.

Сурат аз муаллифи хабар

Талабов инчунин изҳор намуд, ки мисли солҳои пешин арчаҳои солинавӣ дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт гузошта мешаванд.

Лекин ҳоло маълум нест, ки рӯзи 31 декабр дар назди он консерти идона баргузор мешавад ё не. Дар шаҳрдорӣ гуфтанд, ҳоло ин масъала мавриди баррасӣ қарор дошта, аз ҷузъиёташ баъдан хабар дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020  бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус ва иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо ин беморӣ, ки тибқи он баргузории ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ бо иштироки шумори зиёди одамон манъ шуда буд, дар маркази пойтахт арчаи солинавӣ гузошта нашуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.