Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе лоиҳаи муфассали банақшагирии кӯчаҳои Ҳ. Аҳрорӣ ва Шодмонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо намоиш дод.

Навори видеои лоиҳа дар саҳифаи Сарраёсат дар шабакаи иҷтимоии в Facebook нашр шудааст.

Гуфта мешавад, лоиҳа дар асоси дастуру супоришҳои президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия шудааст. Дар бораи дигар ҷузъиёт ва муҳлати татбиқи лоиҳа маълумот дода намешавад.

Дар навори видео қаламраве, ки дар он Амфитеатр, Пойтахт-80, Иттифоқи нависандагон, манзилҳои баландошёна ва ҳавлиҳо, мадраса ва дигар иншоот воқеъ аст, нишон дода мешаванд.

Дар ин навор дида мешавад, ки ба ҷойи ҳавлиҳои хусусӣ ва хонаҳои баландошёна маҷмааи истиқоматӣ бо хонаҳои ошёнаашон якхела, мағозаҳо ва дигар зербинои зарурӣ сохта мешаванд.

Ҳудуди кӯчаҳои Аҳрорӣ ва Шодмонӣ ба маҳалле, ки дар он боғи “Истиқлолият” бо маҷмааи “Истиқлолият ва Озодӣ” бунёд мешавад, ҳамшафат аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.