Дар маркази шаҳри Хуҷанд, рӯбарӯйи маркази савдои «Авасто» аз 6 декабр арчаи солинавӣ ба андозаи зиёда аз 20 метр қомат рост кард. Нисбат ба соли 2019 баландии он 4 метр зиёдтар аст. Соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус дар саросари ҷумҳурӣ арчаи солинавӣ гузошта нашуда буд.

Тавре ки дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, рӯзҳои наздик чароғҳои рангини он ба тариқи муосир ҷиҳозонида мешаванд ва шабонгоҳ симои арчаи солинавиро шукуҳи дигар мебахшанд.

1/3

Гуфта мешавад, соли ҷорӣ майдони ҳудуди арчаи солинавӣ бори аввал бо чароғоннамоии муосир ва бо бунёди шаҳраки солинавӣ он зеб бахшида мешавад, ки барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд нигаронида шудааст.

"Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон гӯшаҳои махсус таъсис меёбанд", - омадааст дар хабари дафтари матбуоти раиси маркази маъмурии вилояти Суғд.

Дар ин ҷо, аз санаи 20-уми декабр то 31-уми декабри соли 2021 соатҳои 15:00-17:00 аз ҷониби мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳо, муассисаҳои олӣ ва театру дигар муасссисаҳои фарҳангӣ силсилаи консертҳои солинавӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон аз ҷониби санъаткорони маъруфи мамлакат консертҳои солинавӣ барои мардум пешниҳод карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.