Рӯзҳои 6 то 8 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 6 июл дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Қобили зикр аст, ки аз охири ҳафтаи гузашта фазои шаҳри Душанберо тадриҷан чангу ғубор фаро гирифт ва обуҳавошиносон пешгӯӣ карда буданд, ки он то рӯзи чоршанбе боқӣ мемонад.

Ҳарорат давоми ин рӯзҳо дар кишвар дар сатҳи 36-38 дараҷа гарм мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои бе осеб ба саломатӣ гузаронидани ин рӯзҳои пурчангу ғубор чунин тавсияҳо медиҳад:

- Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед;

- Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

- То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред;

- Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

- дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

- ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;

- агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон дар ин гуна рӯзҳои пурчанг тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракат дар роҳҳо, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои доманфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.