Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди Президенти Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо бо мақсади омӯзиш ва интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ дар соли ҷорӣ оғоз кард.

Тавре ки дар саҳифаи Марказ дар Facebook хабар дода мешавад, ин тасмим ба шаффофу дастрас баргузор кардани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)-2024 мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, мувофиқи нақша, дар 43 шаҳру ноҳия 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ бо 154 истгоҳи корӣ ва дар 16 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда хоҳанд шуд.

“Нуқтаҳои мазкур барои фаъолият дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД‑2024, ки чун солҳои пеш аз 1-уми март оғоз мегардад, пешбинӣ гардидааст”, - омадааст дар хабар.

Тибқи эълон, аз тариқи электронӣ 529 нафар хоҳишманд ариза пешниҳод намуда, аз ин шумор мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда 482 нафар ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.

Шумораи кормандоне, ки дар асоси озмун барои кор дар давраи якуми бақайдгирии довталабон (аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2024) дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд, 241 нафарро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.