Исроил мехоҳад, ки Фаластин аз харитаи ҷаҳон рӯфта шавад, лекин ба зудӣ худаш аз байн хоҳад рафт. Ин изҳоротро волии Кобул Муҳаммад Халид Қосим баён кардааст, хабар медиҳад Eadaily бо истинод ба Ariana News.

Ин изҳорот рӯзи 11-уми октябр дар нишасти мақомот ва уламои Афғонистон дар Луи Ҷирга садо додааст.

"Исроил тасмим дорад Фаластинро аз харитаи ҷаҳон хориҷ кунад, аммо иншоаллоҳ, ба наздикӣ худи Исроил аз харитаи ҷаҳон рӯфта мешавад", - гуфтааст Муҳаммад Холид Қосим.

Дар хабар гуфта намешавад, ки чунин изҳорот чӣ маъно дорад.

Дар ин ҷо вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари “Толибон” Муҳаммад Холид Ҳанафӣ низ суханронӣ намуда, таъкид кардааст, ки "ҳифзи шариат фарз аст ва масъулияти уламо дар ин замина аз дигарон сангинтар аст".

"Шумо уламо ҳастед, шумо нухбагонед, чун ҷиҳоди мо бар зидди золимону кофирон ва ситамгарон фарз буд, ҳифзи низоми исломӣ низ ҳатмӣ аст", - иброз доштааст Ҳанафӣ.

Вазири мудофиаи Исроил Йоав Галлант гуфта буд, ки Исроил "Ҳамосро аз рӯи замин маҳв мекунад".

“Мо ба истилоҳ Ҳамос, ДОИШ-ро аз рӯи замин нест мекунем. Он мавҷудияти худро қатъ хоҳад кард”, - ваъда дод Галлант.

Пеш аз ин, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, низ изҳор дошт, ки "Исроил дар ҳама ҷабҳаҳо бо тамоми қудрат меҷангад ва ба ҳамла рафтааст. Ҳар як узви Ҳамос - як мурда аст".

«Мо ҳайвонҳоро дидем. Бо ваҳшиҳо дучор шудем. Душмани бераҳмро дидем. Душмани бадтар аз ДОИШ. Мо писарону духтарони бастаро бо захми тир дар сарашон дидем. Марду занро зинда ба зинда сӯзонданд. Духтарони ҷавон таҷовуз ва кушта шуданд. Сари ҷангиёнро буриданд», - гуфтааст сарвазир.

Қаблан, тавре ТАСС хабар дода буд, намояндаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон, Замир Кабулов изҳор дошт, ки хабарҳо дар бораи ҳимояти "Ҳамос" аз сӯи Толибон беасос ҳастанд.

"Комилан не, - гуфт дипломат.  - Ин як изҳороти эҳсосӣ аст. Маълум аст, ки “Толибон” бо сабабҳои ба ҳама маълум аз фаластиниҳо ҷонибдорӣ мекунанд. Аммо ҳар чизе, ки ман дар расонаҳо дидам - беасос ва дурӯғ (фейк) аст".

Пеш аз ин, дар рӯзи аввали оғози ҳамлаҳои "Ҳамос", расонаҳои исроилӣ "изҳорот"-и раҳбарони гурӯҳи "Толибон"-ро нашр карда буданд, ки дар он бобати кумаки толибон ба ҷангиёни фаластинӣ тариқи фиристодани воҳидҳои низомии худ аз Афғонистон ба Исроил хабар дода шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, ба ақидаи коршиносон, вазъ дар Афғонистон ҳоло ба анҷоми ягон амалиёти низомӣ, бахусус дар хориҷи кишвар имкон намедиҳад, зеро тамоми неру ва захираҳо барои кӯмак ба осебдидагони заминларзаи рӯзи 7-уми октябр дар вилояти Ҳирот сафарбар шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки аз заминларза дар вилояти Ҳирот сокинони 20 деҳа осеб диданд. 2445 нафар ба ҳалокат расида, 2440 нафари дигар осеб диданд. Аксари фавтидагон сокинони вулусволиҳои Зендеҳ, Ҷан ва Ғуриёни вилояти Ҳирот мебошанд. Дар маҷмӯъ 13 деҳа ба харобазор табдил ёфт.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.