Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев лоиҳаи қонунеро ба имзо расонид, ки дар он барои афроди гунаҳкор эътирофшуда дар «бачабозӣ» (педофилия) ахтаи кимиёвӣ пешбинӣ мешавад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади «пешгирии инсон аз хушунати шаҳвонӣ» тариқи сӯзандору ворид кардани маҳлули кимиёвӣ пешбинӣ гардида, тарҳи қонун моҳи гузашта аз ҷониби парлумони ин кишвар маъқул шуморида шудааст.

Мутобиқи ин лоиҳаи қонун, ҳамчунин ба Кодекси никоҳу ҳамсарӣ ва оила низ тағйирот ворид мешавад.

Ғайр аз ин, дар ин тарҳи қонун таъсиси пойгоҳи ҷумҳуриявии маълумот дар бораи кӯдакони ятим ва кӯдакони бесаробонмонда низ пешниҳод мегардад.