Лола Тиллоева, духтари хурдии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов изҳор доштааст, ки вазъи солимии падараш рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи Фейсбук хабар додааст.

Лола Тиллоева ҳамчунин мардуми Ӯзбекистонро бо ҷашни Истиқлолияти кишвар, ки пагоҳ, 1 сентябр таҷлил мегардад, низ табрику таҳният гуфтааст: «Аз самим қалб ҳамаи ҳамватанонамро бо ҷашни Рӯзи Истиқлолият табрик мегӯям! Ман ба мардуми меҳнатқарину ниҳоят боистеъдод ва меҳрубону нармдили Ӯзбекистон хушбахтиву некӯаҳволӣ орзу мекунам. Бо истифода аз фурсати қулай ҳамчунин аз ҳамаи Шумо барои ниятҳои неку самимона ва дастгиратон баҳри ҳарчи зудтар шифои ёфтани Президент минатдорам! Ин барои мо хеле муҳим аст ва бовар дорам, ки нерӯи бузургу хайру некиҳое, ки аз самимона аз умқи қалбҳои шумо бармехезад, ба шифои ӯ кумак хоҳанд кард».

Дар ҳамин ҳол, қаблан бахши узбакии Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳо дар миёни дипломатҳои хориҷӣ хабар дода буданд, ки бо тасмими мақомоти Ӯзбекистон, қисмати расмии таҷлили иди истиқлолияти ин кишвар, ки қарор буд рӯзи 31 август барпо шавад, бекор шудааст