Дар зодгоҳи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба маросими дафни ӯ ҳамаҷониба корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар ин бора хабаргузории «Фергана» иттилоъ медиҳад.

«Аксҳои бардоштаи хабарнигорамон рӯзи 1 сентябр гувоҳӣ медиҳанд, ки президенти Ӯзбекистон дар оромгоҳи шаҳри Самарқанд, ки ба муҷассамаи маъруфи меъмориву таърихии Шоҳи Зинда пйваст мешавад, дафн мешавад. Дар ин ҷо ду бародар ва модари Ислом Каримов ба хок супурда шудаанд», - қайд мекунад хабаргузорӣ.


Манбаъи Reuters тариқи телефон аз Ӯзбекистон хабар додааст, ки хизматчиёни давлатӣ шоми рӯзи корӣ ногаҳон ба рубӯчин ва ба тартиб овардани кӯчаҳо сафарбар шудаанд. «Дар кишварҳои Осиёи Миёна ин таҷриба дар арафаи сафари мансабдорони воломақом ё пешвоёни кишварҳои хориҷӣ роиҷ аст. Тадбирҳои таъҷилӣ ҳамчунин метавонанд ба омодагӣ ба дафн ишора кунанд», - менависад агентӣ.

Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ низ дар бораи фаъолнокиву ҷунбуҷӯл дар маркази шаҳр хабар дода, якчанд аксҳоро нашр кардааст, ки дар онҳо фаррошон дар равшании чароғ кӯчаҳоро мерӯбанд.


Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки рӯзи 1 сентябр воридоти барқияҳои шодбошӣ ба муносибати 25-солагии истиқлолият ба унвони Ислом Каримов идома дошт.

Тибқи маълумоти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар нимаи дувуми рӯзи панҷшанбе ба таври оҷил ба Самарқанд рафтааст. Идораи шаҳрдории Самарқанд низ ба рӯбучину тоза кардани ҷодаҳо машғул аст, ки аз омода шудани шаҳр ба як маросими муҳим гувоҳӣ медиҳад.

Шоми дирӯз нашрияҳои Ӯзбекистон дар бораи вазъи президенти кишвар Ислом Каримов маълумот интишор намуданд. Дар он қайд мешавад, ки тайи рӯзҳои ахир вазъи президенти кишвар хеле бад шудааст.


Ёдрас мекунем, ки қаблан хабаргузории «Фергана» доир ба марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Тошканд иттилоъ дода буд, вале манобеи хабаргузориҳои «Интерфакс» ва РИА «Новости» ин хабарро рад карданд.

Аллакай субҳи рӯзи душанбе, 29 август яке аз духтарони Ислом Каримов Лола Каримова дар инстаграми худ тасдиқ намуд, ки президенти Ӯзбекистон дарвоқеъ ҳам пас аз хунравӣ ба майнаи сар дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ буда, вазъи солимиаш устувор арзёбӣ мешавад.

Мақомоти расмии Ӯзбекистон низ марги президенти кишварашонро то ҳол тасдиқ накардаанд. Ҳамчунин сатҳи вазнинии бемории Каримов низ тасдиқ нашудааст.

Баъдан сармуҳаррири АИ «Фергана» Даниил Кислов низ барои ислоҳи саҳви худ иброз дошт, ки президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов марги клиникиро аз сар гузаронда, тибқи маълумоти расмӣ айни замон дар бемористон қарор дорад.