Шоми шанбеи 3 сентябр дар ипподроми шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо баргузор шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ин Бозиҳо ҳудуди 1000 варзишгари беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат дорад. Зимнан, дар Бозиҳои I ҷаҳонии кӯчиҳо, ки моҳи сентябри соли 2014 дар Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор шуда буданд, ҳудуди 800 варзишгар аз 19 кишвар ширкат дошт.

Ба барномаи бозиҳои дувум 23 намуд дохил аст, ки ин нисбат ба бозиҳои аввал 13-то зиёд аст (қувваозмоиҳои якҳарба, пойга ва рақобатҳои асптозӣ, мусобиқоти камонварӣ, намоиши намудҳои мухталифи паррандаҳои шикорӣ).

 


Ба ҷуз мусобиқот дар доираи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо чорабиниҳои дигар, монанди барномаҳои фарҳангиву оммавӣ дар дараи Кирчин, фестивал ё ҷашнвораи ҳайкалтарошӣ аз қум, конфронси илмии «Тамаддуни кӯчиҳо: мероси таърихӣ ва замона» доир мешаванд.

Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳоро наздики 500 нафар намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос мекунанд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо, инчунин 37 варзишгар аз Тоҷикистон ширкат дорад, ки дар байни онҳо ду нафар занон – Гуландом Ҳалимова ва Ирода Шерматова – ҳастанд.