Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон номзад ба мансаби расиҷумҳури кишвари ҳамсоя пешбарӣ шуд.

Номзадии ӯро Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон - Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон пешбарӣ кард. Дар ин бора ВАО-и Ӯзбекистон бо истинод ба Комиссияи интихоботи ин кишвар хабар медиҳанд.

«Дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон номзадии Шавкат Мирзиёев ба интихоботи президенти Ӯзбекистон пешниҳод шуд», - қайд мешавад дар саҳифаи Фейсбуки Комиссияи интихоботи ин кишвар.

Санадҳо доир ба пешбарии Шавкат Мирзиёев ба сифати номзад ба мансаби президенти Ӯзбекистон баъди тасдиқи он дар Шӯрои сиёсӣ ба Комиссияи интихобот пешниҳод мегарданд. Ғайр аз ин, номзадии Ш.Мирзиёев бояд дар анҷуман аз ҷониби аъзои ҳизб тасдиқ шавад.

Ёдрас мекунем, ки нахустин президенти Ӯзбекистон санаи 2 сентябр бар асари хунравӣ ба мағзи сар дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Рӯзи 3 сентябр ҷасади ӯ дар маҷмааи Шоҳи Зинда дар зодгоҳаш - шаҳри Самарқанд ба хок супурда шуд.

Шавкат Мирзиёев муваққатан иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон таъин карда шуд. Раиси сенат (парлумон) Неъматулло Юлдошев, ки тибқи қонун бояд ин вазифаро ба дӯш мегирифт, худаш аз иҷрои ин вазифа даст кашид.

Маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон санаи 4 декабри соли равон доир мегардад.