Суханронии яке аз собиқ пешвоёни ҷомеаи ӯзбекистониҳои Қирғизистон Қодирҷон Ботуров дар машварати САҲА оид ба ченаки инсонӣ дар Варшава, ба қабули қарори ҳукуматдорон доир ба тағйири мақоми ҳузури ин Созмон дар кишвар боис гардид.

Хабаргузории «Фергана» рӯи 28 сентябр огаҳӣ ёфтааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба Созмон дар бораи нияти аз 1 январи соли 2017 ба Дафтари барномавии САҲА табдил додани Маркази САҲА дар Бишкек хабар додааст.

Як манбаъи огаҳ аз масъалаи мазкур шарҳ додааст, ки ин қарор маънои паст шудани мақомро дорад, вале фарқ миёни ду шакл дар чӣ хоҳад буд, алҳол маълум нест.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мақсади қарори худро «такмили шаклҳои ҳамкорӣ миёни САҲА ва Қирғизистон, ки ба ҳусни тафоҳум ва ҳамкории зич асос ёфтааст, ҳамчунин беҳбуди самаранокӣ ва таъсирнокии фаъолияти САҲА дар ҷумҳурӣ» унвон карда, «бар ин назар аст, ки ин фаъолият бояд ба талаботи тағйирёбанда ва афзалиятҳои кишвари қабулкунанда мутобиқат дошта бошад».

Лоиҳаи қарори дахлдори Шӯрои доимии САҲА ояндаи наздик аз ҷониби ҳайати Қирғизистон дар Вена ба раиси амалкунандаи САҲА пешниҳод мешавад.

Ёдрас мекунем, ки собиқ вакили парлумони Қирғизистон, ӯзбеки этникӣ ва тоҷир Қодирҷон Ботуров ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ моҳи июни соли 2010, фаъолияти ҷудоиандозӣ ва барангехтани адовати милливу нажодӣ, динӣ ва байниминтақавӣ муттаҳам дониста мешавад.


Суди шаҳри Ҷалолобод ӯро ғоибона ба ҳабси абад бо мусодираи амвол маҳкум кард. Ҳанӯз то суд Ботуров ба ҳаққи паноҳандагӣ дар Шветсия соҳиб шуда буд. Дар муроҷиати худ моҳи декабри соли 2010 ӯ тамоми айбномаҳои нисбаташ пешниҳодшударо рад карда, назари худ ба рӯйдодҳои он рӯзҳои фоҷеаборро изҳор карда буд.