Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов дар як ҷаласа бо ҳузури рӯзноманигорони Ширкати миллии радио ва телевизиони Ӯзбекистон пахшҳои мустақимро манъ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай барномаи рӯзноманигор Шерзод Қудратхоҷаевро, ки мустақиман пахш мешавад, танқид ва таҳқир кардааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин ҷаласа миёни сарвазир ва роҳбари Клуби матбуотии байналхалқӣ низоъ бархостааст.

"Сарвазир ба роҳбари Клуби матбуотии байналхалқӣ Шерзод Қудратхоҷаев бо чунин лафз муроҷиат кард: "Ту, бача, аз ҳад гузарондӣ! Ту худро кӣ медонӣ?" Қудратхоҷаев дар посух гуфт: "Шумо маро бо мансабатон натарсонед, шумо ҳақ надорад, ба ман ту гӯед". Миёни онҳо низои лафзӣ бархост. Сарвазир ба Шерзод гуфт: "Агар як шатта ба пуштат занам, ба ҷои пешинат бармегардӣ ва омӯзгорӣ мекунӣ", - мегӯяд як шоҳид, ки дар ҷаласаи мазкур ширкат дошт.

Сарвазир ба раиси Ширкати радио ва телевизиони Ӯзбекистон Бобур Алихонов танбеҳ эълон ва дар ширкат тағйироти кадрӣ ворид кардааст. Хайрулло Нуриддинов, ки чанде пеш аз вазифаи муовинии раиси ширкати мазкур ронда шуда буд, дубора дар мақомаш барқарор гардидааст.

Озод Ҳамидхоҷаев, мудири телевизиони "Ӯзбекистон 24", ки дар шабака барномаҳои ҷиддиро пахш мекард, аз мақомаш барканор шудааст. Ба ин тартиб, дар ширкати радио ва телевизиони он кишвар чанд тағйири дигар сурат гирифтааст.