Сокинони Ӯзбекистон сар аз 5 сентябри соли равон метавонанд асъори хориҷиро дар саррофиҳо бо нархи бозор фурӯшанд ё ба воситаи кортҳои бонкӣ дар хориҷ бидуни маҳдудият истифода баранд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чанде қабл фармон "Дар бораи чораҳои аввалия барои озодсозии сиёсати пулӣ"-ро имзо кард. Дар фармон омадааст, ки ҳангоми таъйини қурби пули миллӣ механизми бозорӣ ҳатман ба инобат гирифта шавад.

Гуфта мешавад, шахсони воқеӣ дар Ӯзбекистон минбаъд метавонанд, асъори хориҷиро дар саррофиҳо озод фурӯшанд ё аз шуъбаи бонкҳои тиҷорӣ бе маҳдудият бихаранд.

Зикр мегардад, ки то имзои ин фармон дар Ӯзбекистон се навъи қурби асъори хориҷӣ -- қурби расмӣ, қурби байнибонкӣ ва "қурби сиёҳ" барои сокинони оддӣ вуҷуд дошт. Қурби "бозори сиёҳ" аз қурби таъйиннамудаи Бонки милии Ӯзбекистон тақрибан ду баробар фарқ мекард.

Қобили зикр аст, ки озодсозии сиёсати пулӣ яке аз тағйироти деринтизор дар Ӯзбекистон баъди марги Ислом Каримов дар соли гузашта шумурда мешуд.