Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Қирғизистон гуфтааст, ки бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев дар мавриди масоили об "ҷиддан" ба созиш расидаанд.

"Мо дақиқан ба созиш расидем. Отамбоев гуфт, ки ҳеч кадом неругоҳ бе ширкати Ӯзбекистон сохта намешавад. Мо комилан розӣ ҳастам ва мо фаъолона ширкат мекунем, кумаки молӣ мерасонем ва агар зарур шавад масолеҳ ҳам медиҳем", - гуфт Мирзиёев.

"Мо неругоҳи Қамбаротаро муштарак месозем. Зеро ин неругоҳ барои мо зарур аст. Агар мо биандешем, ки таърих моро нахоҳад бахшид, мо бояд ин корро бо тааммул ва хирадмандона анҷом диҳем, ки ба нафъи ҳар ду ҷониб ба поён расад. Ва ин манфиатовар аст", - гуфт вай.

Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин хабар дод, ки ҷонибҳо дар мавриди шиддат бахшидани сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон ва сохтмони роҳи мошингарди Ӯш-Андиҷон-Қошғар ба созиш расидаанд.

Ёдрас мешавад, ки сохтмони неругоҳ солҳои тӯлонӣ яке аз мавзуъҳои баҳсии ду кишвар буд. Ӯзбекистон талаб дошт, ки лоиҳаҳои неругоҳҳои Қирғизистон аз ташхиси зистмуҳитии байналхалқӣ бигзаранд.