Дирижёри наврас аз Ӯбекистон Асадбек Аюбҷонови 11-сола дар барномаи шабакаи телевизиони «Россия» «Удивительные люди» (Одамони аҷиб) иштирок карда, ҳайати ҳакмонро ба ҳайрат овард.

Асадбек Аюбҷонов толибилми синфи панҷуми Литсейи ҷумҳуриявии махсуси мусиқии академии ба номи В.Успенский дар бахши скрипка мебошад.

Ӯ аз рӯи ҳаракати дастон ва чӯбчаи дасти дирижёр бидуни садо додани мусиқии оркестр операи «Кармен»-и Жорж Бизе ва балети «Чиполлино»-и Карэн Хачатурянро бехато муайян кард. Ҳамчунин худи ӯ низ дирижёрӣ намуд.