Сарвазири пешини Қазоқистон Серик Ахметов, ки соли 2015 бо айби "фасодкорӣ" 4 солу 26 рӯз аз озодӣ маҳрум гашта буд, имрӯз, 21 сентябр, тақрибан баъди ду сол аз зиндон озод шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додгоҳ чанде қабл муҳлати боқимондаи ҷазои Ахмедовро ба ҳабси хонагӣ тағйир дод. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, сарвазири пешини Қазоқистон ба рӯзноманигороне, ки пушти дари зиндон қарор доштаанд, гуфтааст, "ба хона меравад".

Гуфта мешавад, сарвазири пешин моҳи декабри соли 2015 дар дуздии маблағи буҷа, сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва ғайриқонунӣ ба соҳибкорӣ машғул шудан айбдор шуда, бо мусодираи молу мулк 10 сол равонаи зиндон гардид. Дар маҷмуъ аз рӯи ин парванда 21 нафар дар додгоҳ муҳокима шуданд.

Вакилони Серик Ахметов моҳи марти соли 2016 аз болои ҳукми додгоҳ шикоят карданд ва дар натиҷа муҳлати зиндони сарвазири пешин кам шуд. Ибтидои сол хабар расид, бар пояи қонуни авф муҳлати зиндони Серик Ахметов дубора кам гардидааст.

Додгоҳи вилояти Қарағандаи Қазоқистон хабар медиҳад, ки бино бар "рафтори шоиста"-и Серик Ахметов ва пардохти комили зарари молӣ шакли адои ҷазои вай тағйир дода шудааст.