Дар шаҳри Токмоки Қирғизистон чанд тан боздошт шуд, ки ният доштаанд дар остонаи интихоботи президентии ин кишвар чанд теракт ташкил карда, вазъи сиёсиву иҷтимоиро барҳам зананд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар ин самт амалиёти муштараки ВКД ва КДАМ-и ин кишвар баргузор шуда, зимни тафтиш дар манзили чанд сокини шаҳи Токмоки вилояти Чӯй чандин нусха адабиёти тундгароӣ, дастгоҳҳо ва маводи тарканда пайдо гардидааст.

Гуфта мешавад, мақомот бо гумони ташкили ҷиноят се нафарро боздошт кардаанд.

Зикр мегардад, ки аз рӯи ин дадел бар пояи моддаи "Барангехтани бадбинии миллӣ, динӣ ва байниминтақавӣ" ва "Дарёфт, интиқол, ҳифз кардан ва ё бо худ гардонидани ғайриқонунии муҳимоти ҷангӣ, моддаҳо ва дастгоҳҳои тарканда" парванда кушода шудааст.