Президенти Туркманистон дастуре cодир кард, ки тибқи он, имтиёзҳои иҷтимоӣ барои об, газ ва барқи ройгон, бекор карда мешавад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин амр бинобар коҳиши даромади будҷаи ин кишвари саршор аз нафту газ дар пасманзари коҳиши арзиши нерӯи барқ ва интиқоли он ба хориҷ, рӯи даст гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ин қарор сокинони ин кишварро муваззаф мекунад, ки аз оғози моҳи оянда 25 маротиба бештар барои оби ошомиданӣ, пул пардохт кунанд. Бар пояи ин дастури Бердимуҳаммедов, тарофаҳои пардохти об аз 1-уми ноябр то 1,43 доллар барои ҳар 10 метри мукааб об зиёд карда мешавад.

Ба гуфтаи Бердимуҳаммедов, сарфаҷӯӣ дар марҳилаи ниҳоӣ ба сармоягузории як тарҳи ҳафтсолаи сармоягузории 69-миллиарддолларӣ кӯмак хоҳад кард, ки 45 миллиард доллари он барои бахши энержӣ ҷудо шудааст.