Як мансабдори бахши маорифи Туркманистон баъди ширкат дар роҳпаймоии эътирозии шаҳрвандон дар робита ба болоравии пардохтҳои боғчаи кӯдакон боздошт шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, даҳҳо зани норозӣ аз болоравии пардохтҳои боғчаи кӯдакон 10 октябр назди идораи маорифи вилояти Дашоғӯзи Туркманистон эътироз кардаанд.

Намояндаи идораи маориф занҳоро пешвоз гирифта, маслиҳат дод, ки ба "идораи ҳокимият рафта, арзашонро онҷо расонанд". Занони норозӣ баъди ин назди идораи ҳукумати шаҳри Дашоғӯз рафтанд.

Мансабдори бахши маориф ва хонаводааш пас аз он эътироз ба даъвати ошӯб зидди ҳукумат айбдор шуданд. Ба ҷуз ин, ҳамсари вай, ки дар яке аз боғчаҳо фаъолият мекард ва фарзандаш низ, ки хоҷагидори яке аз мактабҳои маҳаллӣ буд, аз мақом барканор шудаанд.

Баъд аз анҷоми эътироз, шаби 10 октябр пулис ба манзили мансабдор омада ӯро боздошт кардааст.