Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев алифбои нави забони қазоқиро тасдиқ кард, ки дар асоси ҳарфҳои лотинӣ таҳия шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, фармони Назарбоев дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Қазоқистон нашр гаштааст.


Дар фармон омада, ки ҳукумати Қазоқистон вазифадор карда шуд, то Комисияи миллӣ оид ба баргардонидани алифбои қазоқиро ба лотинӣ таъсис дода, баргардонидани тадриҷии алифборо ба ин хат то соли 2025 таъмин кунад.

Президенти Қазоқистон ҳанӯз моҳи январи соли 2017 дастур дода буд, ки дар асоси ҳарфҳои лотинӣ алифбои нави қазоқиро то охири сол таҳия кунанд. Қарор аст, то соли 2025 тамоми ҳуҷҷатгузорӣ ва номи кӯчаву хиёбонҳои ин кишвар ба лотинӣ баргардон шаванд.

Тағйири навбатии алифбои қазоқӣ дар ҳолест, ки наздики 80 сол пеш Қазоқистон ба ҳуруфи сирилик гузашта буд. Соли 1929 ҳукумати шӯроҳо алифбои арабиасоси қазоқҳоро нахуст ба ҳуруфи лотинӣ ва баъдан (соли 1940) ба хати сирилик табдил дод.