Миёни онҳое, ки бо медали падари президенти Туркманистон - Мяликгулӣ Бердимуҳаммадов қадр шуданд, писари президенти ин кишвар - майор Сардор Бердимуҳаммадов низ ҳаст. Ба вай медали ба номи бобояшро тадқим карданд.

Бино ба итттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай "барои хидматҳояш дар назди Ватан" ҳамроҳ бо дигар кормандони мақомоти қудратӣ қадр шудааст.

Гуфта мешавад, Сардор ягона писари президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст. Ба иттилои ғайрирасмӣ, вай ба соҳиб шудани курсии падараш омодагӣ мебинад. Расонаҳои давлатии Туркманистон фаъолияти ӯро ба таври густарда инъикос мекунанд.

Сардор дар Академияи дипломатии вазорати корҳои хориҷии Русия таҳсил кардааст. Вай баъди хатми академия вакили порлумон интихоб шуда, дар мақомоти давлатӣ низ фаъолият кардааст.

Медали ба номи Мяликгулӣ Бердимуҳаммадов моҳи августи соли ҷорӣ таъсис шуд. Бобои Сардор омӯзгор, сардори шуъбаи муассисаҳои ислоҳӣ буд.