Васоити ахбори умуми ӯзбекзабон аз далели «нав»-и тарҷумаи ҳоли нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов хабар доданд: ба ҷуз духтарон - Гулнораву Лола, ӯ бо номи Пётр писаре ҳам доштааст, менависад «Фергана».

Қаблан дар тарҷумаи ҳоли расмии Ислом Каримов, ба гунаи мисол дар сомонаи Комиссияи марказии интихоботӣ, зикр гардида буд, ки «ӯ оиладор буда, ду фарзанд ва панҷ набера дорад» («у оилали, икки нафар фарзанди, беш набираси бор»).

Фарзанди сеюми собиқ президентро ба корбарони ӯзбекзабони шабакаи интернет расман сомонаи чанде қабл таъсисёфтаи Маҷмааи илмӣ-маърифатии Ислом Каримов пешниҳод намуд. Дар тарҷумаи ҳоли нашршудаи Ислом Каримов дар он қайд мешавад, ки «ӯ се фарзанд ва шаш набера дошта, вохӯриву суҳбатҳо бо онҳо барояш хеле хушоянд буд».

Акнун бо истинод ба «Википедия» ВАО-и Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки бори аввал Каримов солҳои 60-уми асри гузашта бо Наталя Петровна Кучма издивоҷ карда, соли 1969 онҳо соҳиби писар мешаванд. Наталя Кучма соли 2008 дар Тошканд аз олам даргузашта, Пётр Каримов айни замон дар вилояти Маскав зиндагӣ мекунад, иттилоъ медиҳад Kun.Uz.

Хабаргузории «Фергана» хотиррасон мекунад, ки қаблан дар бораи мансаби муовини раиси раёсати «Азия-Инвест Банк» - корхонаи фаръии Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистонро ишғол кардани Пётр Каримов хабар дода буд. Қароргоҳи ин бонк дар Маскав воқеъ аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.