Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ният дорад, дар ояндаи наздик барои имзои чанд тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба Ӯзбекистон сафар кунад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, яке аз мавзуъҳои асосӣ дар мулоқоти оянда, ҳамкорӣ дар бахши роҳи оҳан хоҳад буд.

Гуфта мешавад, ин хати роҳи оҳан аз Мазори Шариф ба вилояти Балх тавассути чаҳор вилояти дигари Афғонистон мегузарад. Қисме аз ин роҳ метавонад Ӯзбекистонро фаро бигирад.

Бо такя ба Talonews хабар дода мешавад, ки Ӯзбекистон ба амалишавии лоиҳаи мазкур ҳавасманд аст.

Абдул Борӣ Сиддиқӣ, муовини раиси роҳи оҳани Афғонистон гуфтааст, амалишавии лоиҳа ба Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки ба бандарҳои Эрон роҳ ёбад.