Ӯзбекистон пешниҳод кард, Эътилофи роҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис шавад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон, президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар ин бора дар конфронси "Осиёи Марказӣ: як гузашта ва ояндаи умумӣ, ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор ва шукуфоии муштарак", ки имрӯз дар Самарқанд кушода шуд, изҳори назар кардааст.

"Имрӯз бояд ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд ҷалб шавад. Дар ин робита, пешниҳод мекунам, ки Эътилофи роҳбарон, яъне раҳбарони минтақа ва доираҳои тиҷории кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис шавад. Вақте мо бо минтақаҳо, бо роҳбарони онҳо ва доираҳои тиҷоратӣ гуфтугӯи мустақим баргузор мекунем, натиҷаовар хоҳад буд. Вақте мо на танҳо ба онҳо кумак, балки халал ҳам намерасонем - натиҷа чашмрас мешавад", - гуфтааст вай.

Ба гуфтаи Мирзиёев, ин механизм бахши саноат, иқтидори зеҳнӣ ва сармоягузории минтақаро фаро гирифта, боиси рушди тамоми Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, Мирзиёев гуфт, аз ибтидои сол гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва кишварҳои минтақа ба ҳисоби миёни 20 дарсад бештар шудааст. Дар ҳамин ҳол, бино бар баҳогузории коршиносони СММ, ҳамкории самарабахши кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад дар 10 сол Маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақаро ҳадди ақал 2 баробар бештар кунад.

Дар нишасти Самарқанд вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа, роҳбарони созмонҳои бонуфуз, амсоли СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, СҲШ, ИДМ, намояндагони сафоратхонаҳо, коршиносони машҳур, рӯзноманигорон - дар маҷмуъ бештар аз 500 нафар ширкат мекунанд.