Дар Ӯзбекистон нисбати ду нафар, ки ба коргоҳи истеҳсоли ҳасиби «Шаршара» дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд 69 кило гӯшти хар аз видояти Хоразм овардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабаргузории centralasian.org дар ин робита менависад, кормандони коргоҳи ҳасиббарорӣ, ки гӯшти харро дар ҳуҷҷатҳо ба сифати гӯшти гов ба расмиёт даровардаанд, низ мавриди тафтиш қарор гирифтаанд.

Гуфта мешавад, зимни рейди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин коргоҳ, ки ба ширкати Gold Premium Product мансуб аст, 275 кило гӯшти пастсифати бадбӯй ва намуди зоҳириаш нохуб ба сифати далели шайъӣ мусодира шудааст. Пештар низ аз гӯшти хар истифода шудан дар ин коргоҳ алҳол маъулм нест.

Қобили зикр аст, ки гӯшти хар арзонтарини гӯшти ҳайвонотихонагӣ ба шумор рафта, нархи миёнаи як хар айни замон 150-200 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (ҳудуди 18-24 доллар)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба гӯшти гов чор маротиба арзонтар аст.