Ӯзбекистон имкони ҳамкорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи "Қамбарота-1"-ро баррасӣ мекунад. Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 23 ноябр сарвазири он кишвар Сафар Исҳоқов хабар додааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи вай, президенти ҳамакнун пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев масъалаи ҳамкорӣ дар сохтмони Қамбарота-1-ро баррасӣ ва дар бораи сохтмони муштарак ба созиш расиданд.

"То он замон онҳо мухолифи сохтмони "Қамбарота-1" буданд. Акнун пуштибонӣ мекунанд. Ба ҷуз ин Ӯзбекистон мегӯяд, "метавонад ҳамчун яке аз саҳҳомони ин нерӯгоҳ нақш бозад". Мо бояд нерӯгоҳи мазкурро бо талошҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя бисозем", - гуфт Сафар Исҳоқов.

Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 дар дарёи Норин чанд сол аст, ки хобидааст. Сохтмони нерӯгоҳ бо иқтидори 1860 мегаватт охири солҳои 1980 ба нақша гирифта шуда буд.

Бори охир ҳукумати Қирғизистон бо Русия дар бораи сохтмони нерӯгоҳи "Қамбарота-1" соли 2012 созиш кард. Аммо соли 2016 Қирғизистон ин созишномаро якҷониба бекор кард. Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон зидди сохтмони мазкур буд.