Зимни сафари расмии президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ӯзбекистон миёни кишварҳо 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои CA-News, байни давлатҳо санадҳои таъсиси комиссияи муштарак оид ба масоили амният, мусоидати ҳуқуқӣ ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ, сохтмони хати интиқоли барқи «Сурхон - Пули Хумрӣ» ва роҳи оҳани «Мазори Шариф - Шибирғон - Маймана - Ҳирот», ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли бору маҳсулот ва бахши гумрук ба тасвиб расиданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ҳамчунин миёни кишварҳо ба маблағи зиёда аз 500 млн. доллар беш аз 40 қарордоди содиротӣ низ ба имзо расида, мутобиқи он Ӯзбекистон ба Афғонистон нерӯи барқ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дорусозӣ, масолеҳи сохтмон, воситаҳои нақлиёт ва ғайра содирот мекунад.

Дар мулоқот бо намояндагони ВАО таъкид шуд, ки санадҳои баимзорасида ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо миёни кишварҳо мусоидат хоҳанд кард. Сафари президенти Афғонистон ба Ӯзбекистон идома дорад.