Вазири пешини умури дохилии Ӯзбекистон Адҳам Аҳмадбоев, ки ахиран президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ӯро дар хиёнат ба давлат айбдор кард, дар ҳабси ғайрирасмии хонагӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, як мансабдори наздик ба Аҳмадбое бидуни ифшои ному асаб, гуфтааст, вазири пешини умури дохилии Ӯзбекистон аз рутбаи генералӣ маҳрум ва ба ҳабси ғайрирасмии хонагӣ гирифта шудааст.

"Моҳи феврал рутбаи Аҳмадбоевро то ба полковникӣ поин оварданд. Вай расман ба нафақа фиристода шуда, ғайрирасмӣ дар доираи парвандаи зидди муовини пешини раиси Хадамоти амнияти Ӯзбекистон Шуҳрат Ғуломов зери назорати мақомоти қудратӣ қарор дорад. Хабарҳо дар бораи фирораш аз кишвар беасосанд", - афзудааст ӯ.

Охири ҳафтаи гузашта Мирзиёев ҳангоми ироаи паём ба порлумони Ӯзбекистон Аҳмадбоевро дар хиёнат ба давлат айбдор кард. "Шумо медонед, ки собиқ вазири умури дохилӣ Аҳмадбоев бо хиёнатҳои худ ба давлат ҳоло дар куҷо аст? Ӯ ҳангоми вазири умури дохилии Ӯзбекистон буданаш ба гуруҳе пайваста, ба давлат хиёнат кард. Пагонҳои ду генералро канда партофтам. Боз онҳо генерал-лейтенант будаанд!"- афзуд президенти Ӯзбекистон.

Адҳам Аҳмадбоев аз вазифаи вазири умури дохилии Ӯзбекистон 4 январи соли равон барканор шуд. Пештар расонаҳо хабар доданд, ки Аҳмадбоев мушовири президент оид ба умури сиёсӣ ва ҳуқуқӣ таъйин гаштааст. Наздикони Аҳмадбоев мегӯянд, ӯ моҳи марти соли равон ҳамчун омӯзгор ба Академияи ВКД Ӯзбекистон фиристода шуд. Вале ҳамсуҳбати мо, ки худро ёвари раҳбари академия муаррифӣ кард, гуфт, Аҳмадбоев ба нафақа баромад.

Яке аз мансабдорони ҳукумати Ӯзбекистон гуфт, Аҳмадбоев мавриди хашми Мирзиёев қарор гирифтааст, зеро ӯ бо дастури муовини пешини раиси Хадамоти амнияти ин кишвар раисҷумҳур ва аъзои хонаводаашро таҳти назорат гирифта, таъқиб менамудааст.