Нашриёти "Намангон” романи нави Исоқҷон Нишоновро бо номи "Ҷасорат” нашр кардааст, ки  пурра дар бораи роҳи зиндагии президенти якуми Узбекистон Ислом Каримов аст.

"Ягона роҳи нигоҳ доштани осоиштагӣ ин бо мардум будан аст. Ман ҳозир бо мардуми Намангонам, барои онҳо дар ташвишам, чунки агар лашкар меомад ба инҷо, оқибат мумкин буд, хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ рехта шавад...”

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», ин пора аз романи "Ҷасорат”-и адиби узбеки муқими Намангон Исоқҷон Нишонов аст ва лаҳзаҳои баҳси рӯбарӯи ва хеле ошкору хеле тунди байни раисиҷумҳури якуми Узбекистон Ислом Каримов ва раҳбарони созмонҳои мазҳабии "Адолат” ва "Ислом лашкари” Тоҳири Юлдош ва Ҷумъабойи Намангонӣ дар соли 1991-ро тасвир мекунад.

Дар он даврон се вилояти водии Фарғона – Намангон, Андиҷон ва Фарғона – таҳти нуфузи сахти нирӯҳои исломгаро қарор дошт ва Каримов дар маъракаи интихоботии соли 1991-аш шахсан ба инҷо омада, бо раҳбарони исломгароён мунозираи рӯбарӯ карда буд.

Романи "Ҷасорат” дар амал нахустин романи адабӣ аст, ки ба роҳи зиндагии президенти якуми Узбекистон Ислом Каримов бахшида шудааст. Ин романи иборат аз 228 саҳифаро нашриёти "Намангон” ба тозагӣ дар чопхонаи "Ёш куч пресс матбуоти”-и шаҳри Тошканд чоп кардааст ва қарор аст, рӯзҳои наздик ба фурӯш барояд.